Дафн дар мазори даҳриён ё парвози каллаи хунин
                                                           (ҳикояи ҳаҷвӣ)




   Ҷасади кабудгаштаро  соате пеш аз мурдахона оварда буданд, бо формалин омехта хостанд ба зарфи тунугагин ҷой бидиҳанд, вале аз он дараке набуд. Наздикону атрофиён бо симоҳои сарду чашмони хушк ба ҷасади даҳрии ашаддӣ, ки умри хешро баҳри маҳви дину диндорон фидо намудааст, нигариста  аз маргаш афсӯс мехӯрданд. Билохир усто зарфро ҳозир намуд. Бо чашмони хуморӣ лаҳзае ба майит нигаҳ афканда ба сӯйи ҳозирон назари карахте намуд. Яке аз дӯстони раҳаматӣ зуд вазъиятро дарк намуда ба усто шарҳ дод, ки чӣ тур бояд мурдаро ба тобут бигзорад.
 


Бонувони андар ошхона гирд омада духтарони марҳумро зери тозиёнаи маломат мегирифтанд, ки падарашон дар бистар  ҷон  меканду калониашон бошад ба ватани шавҳараш - Конго рахта сафар басту хурдиаш бо маҷнуни наваш ба куҷое ғайб задааст.
   Тобути аҷоибро ба машина гузоштанд. Гуселкунандагон гӯё ба тӯй равон буданд, сӯйи ҳамдигар суханҳои ҳазломез партофта вориди машина мегаштанд. Гурӯҳи дар курсҳои канор нишаста латифаи ҷадидтаринро дар сифати  шоҳӣ ба худ ҷоизаву унвонбахшанда нақл карда  ҳаловат мебурданд. Корвони машинаҳо дар назди теппае бозистоданд. Ҳозирон мутаҳайир буданд, ки чӣ тур тобутро бардоранд. Дар интиҳо ду ғӯлгардани кирояро ёфта оварданд ва онҳо тобути ғайриоддиро сари кифт гирифта ба роҳ даромаданд. Дигарон низ павсопеши "наздикон" равон шуданд. Бояд ҷамъомад барпо мешуд. Сухани ифтитоҳиро марди кӯҳансоли уқобнигаҳе оғоз намуд:
    - Рафиқони мӯҳтарам, дӯстони азиз, имрӯз мо яке аз фаъолони барпосозандаи ҳаёти навин - Турсунқул Сатторқуловро  ба роҳи вопасин гусел менамоем, ӯ яке аз муборизони оштинопазири зидди мазҳабу диндорон ба шумор мерафт. Ин тоифаи муфтхӯру саркаш  ҳоло ҳам номи ӯро  шунаванд, дар баданашон раъша медаваду хобашонро гум мекунанд. Баҳри он ки мо ҳаёти  гул-гул шукуфонро  бунёд созем, бисёре аз урфу одатҳои кӯҳнаро решкан кардан лозим меомад, зеро онҳо девори чинӣ дар роҳи моён буданд. Раҳматӣ Турсунқул фаъолияти меҳнатиашонро аз хизматгорӣ дар хонаи эшоне оғоз намуд ва аз ҳамон вақт ин табақаи фиребгару дилозорро, ки мардумро Худою охиратро ба ёд  оред гуфта, гумроҳ месохтанду намегузоштанд то онҳо  аз меваҳои ҳаёти сотсиалистӣ баҳра баранд,- чашми дидан надошт ва баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳар гуна эшонзодаву муллозодаҳо бархост. Нахуст ӯ вазифаи бошарафонаи чекистон ба зиммаш гузоштаро амали намуда гурӯҳи аксулинқилобчиёнро ошкор сохта бо ҳамин  баҳри сохмони коммунизм дар кишвари мо ҳиссаи беҳамтои хешро  бигузхошт. Сонитар чекистон фаъолияти пурмаҳсули Турсунқулро ба инобат гирифта ӯро  ба курсии балантарини роҳбарият шинонданд. Дар вазифаи пуршарафонае, ки ҳизб ба зиммаи Турсунқул бигузошт, ӯ дастаҳои зиёди сохтори моро вайронсозандаи миллатчиёни хунхорро рӯйи об баровард, даста-даста китобҳое, ки афкори мардумро асрҳои аср заҳролуд мекарданд, ба оташ кашид ва дари масҷидҳоро, ки аз рӯзи нахустини фаъолияташон ба фиреби омма пардохтанд, қулф  зада онҳоро  ба манфиати ҷомеъа чун анбору коҳдон истифода бурд. Дар ҷойе, ки ҳоло истодаем, сӣ сол пеш  зиёратгоҳи гумроҳон буд. Ба гуфтаи муллою эшонҳои бесавод, ки дар ин ҷо шахси мӯътабаре дафн шудааст, Турсунқул хотима дод, мазорро бо булдозер ҳамвор  сохта роҳгумзадагонро аз таъсири афюн наҷоташон дод. Дар зидагии шахсӣ низ, Турсунқул унсурҳои диниро  чашми дидан надошт. Нагузошт, ки аҷдодонаш писарашро хатна намоянд, гарчанде, ки пас аз ин онҳо аз ӯ рӯй тофтанд, вале ӯро ин хиёнати хешон рӯҳафтода насохт, зеро ӯ дар иҳотаи мо дӯстон буд. Духтарашро ба донишҷӯйи конгоӣ ба зани дода, бо ин риштаи дӯстии моро бо қораи Африқо мустаҳкамтар сохт. Нахустин худ оилаи интернасионалӣ барпо намуда сонитар  зери сарпарастии Турсунқул Сатторқулович садҳо оилаи  интернасионалӣ арзи вуҷуд намуданд, онҳо дар амал ғояҳои моро татбиқ хоҳанд кард, дар оянда аз ҳафт пушти чунин оилаҳо,- миллатчиён, диндорон, даъвогарони забону урфу одат, кишвару марз пайдо нахоҳанд шуд. Мо - ветранҳои ҳизбу меҳнат аз он хушнудем, ки сафи роҳбарият сол аз сол аз ҳисоби  намояндагони оилаҳои интернасионалӣ афзуда истодааст. Ва ин падидаи нахустини наздикоии коммунизим аст. Шодравон Турсунқул пеш аз марг васият карда буд, ки мо - дӯстон  ӯро бо усули ҷадид дар он ҷойе, ки баҳраш  корзори ҳаёт ба шумор мерафт, дафн намоем. Ва ин нияти покро мо дӯстони ҳаммаслакаш имрӯз амалӣ намудем ва бори нахуст мо қабрро бо пармаи механикӣ канда, тобути навро ба анъана дароварда ба диндорон  гуфтанием, то кай мардумро мефиребед, бубинед даҳриён одами шарифро чӣ тур мегӯронанд! Ва дар ин сонияҳои баҳрамон вазнини мо мегӯем: Турсунқули азиз,  ту ором бихоб, мо кори туро идома хоҳем дод! Нахоҳем гузошт, ки муллоҳою эшонҳои бесавод, миллатчиёни хунхор, аз нав сар бардоранду каллаи мардумро  бо афюнҳои мухталиф заҳролуд созанд. Фидоиёни мо шабу рӯз  дар дифои музаффариятҳои сосиалистианд, ҳеҷ гоҳ онҳо намегузоранд, ки душманони ғаддор аз нав сар бардоранд. Зинда бод ғояҳои абадзиндаи даҳриён, ки баҳри сохтани ҷомеъаи гул-гул шукуфони сосиалистӣ саҳми бузурги хешро мегузоранд.
   Боз ду се нафари дигар сухан карда дар васфи марҳум суханҳои падрудӣ гуфтанд. Сипас зарфро ба сурохӣ фароварданд ва хокро  болояш тела доданд ва баҳри хотираи дӯсташон сонияе хомӯш биистоданд. Дар сари қабр  лавҳаеро бо навиштаҷоти "Турсунқул Сатторқулов. 1890-1975. Инқилобчӣ, ветерани ҳизбу заҳмат" гузоштанд, ки  дар оғози лавҳа "Худо нест, нахустинпадари мо бӯзина буд ва хоҳад монд. Умри ҷовидони ман идомаи коммунизими дурахшон аст" сабт гашта буд. Гуселкунандагони роҳи вопасин поён фаромада вориди автобус мегаштанд. Ҳама ба мазори даҳриён, ки оянда  ҳамаашон бояд он ҷо хок мешуданд, нигариста  дар андешаи он буданд, ки ин рӯз ногузир ба сарашон хоҳад омад...
   Ва ин сония таркиши мудҳише ба амал омад. Гуселкунандагон диданд,ки зарфу ҷасад ҳазорҳо пора гашта дар фазо паҳн шуд. Ҳамаро даҳшат фаро гирифт, бонувон ба доду фиғон даромаданд. Сари бо хуну ифлоси олудашуда андар пеши пойи нотиқ афтод. Аҷоибаш он ки чашмонаш во буданду дар он ваҳшати тасвирнопазире нақш ёфта буд.

                             Ҳабиб Саид       соли 1989         Душанбе